- қош
- [قاش]т1. абрӯ2. асбоби зинати занон, ки ба пешонӣ мебанданд3. қисми пеши қуббашакли зини асп: қоши зин4. бурише аз харбуза, пора, қитъа; ниг. карч; қош парондан бо ҷунбонидани абрӯвон ишва кардан; бо ҳаракат додани абрӯвон ишоратҳо кардан◊ қошу қавоқ кардан абрӯро чин карда, норозигӣ ва кароҳати худро аз чизе изҳор кардан; қошу қавоқи худро овезон кардан ниг. қошу қавоқ кардан; аз қошу қавоқи касе барфу борон боридан ниҳоят туршрӯю хашмгин будан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.